Китоби хотироте бо номи “Сарбози ду ҷабҳа”, ки бо қалами Фаррухи Ҳусейн навишта шудааст, рӯи чоп омад. Китоби мазкур дар чопхонаи “Графика принт”-и шаҳри Душанбе бо теъдоди 800 нусха нашр шудаву дастраси хонандагон гардид.

Мавзуи асосии китоб зиндагиномаи Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Ҳазратқул Ҳусейнов аст. Дар он хотироту ёддоштҳои ҳамсафону ҳамкорон ва шогирдону аҳли хонадони Ҳазратқул Ҳусейнов ҷой дода шудааст.

Аз оғоз то анҷоми китоб сухан аз боби шуҷоату мардонагии Ҳазратқул Ҳусейнов буда, барои аҳли ҷомеа ҳамчун як мисоли зиндагӣ аст.

Бояд ёдовар шуд, ки китоби мазкур бо ду хат — сириллик ва форсӣ чоп шудааст.

Гулрӯ Калбодова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here