Аз 16-ум то 19-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе мавсими 3-юми кинофестивали «Навсоз-2018» бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар кинотеатри “Ватан” баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигорон директории кинофестивал Муҳибназар Холназаров имрӯз иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, соли ҷорӣ барои ширкат варзидан дар кинофестивал наздики 80 филм аз 9 давлат ба монанди ИМА, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Белорусия пешниҳод шуданд, ки аз ҷониби ҳайати ҳакамони ҷашнвора 20 филми бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ ба фестивал роҳ ёфтанд.

Ҳадафи баргузории ин ҷашнвора таваҷҷӯҳ ба соҳаи кино, ҷалби киносозони ҷавон ва дарёфти истеъдодҳо дар доираи барномаи рушди соҳаи кино, ки аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, маҳсуб меёбад. 

Гуфта мешавад, ки ҳамзамон дар фестивал филмҳои ғайриозмунӣ низ ба намоиш гузошта мешавад.

Дилшод Болтаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here