15-уми октябр кормандони милитсия дар посгоҳи Бидури ноҳияи Шуғнон панҷ нафарро барои муқобилият ва итоат накардан ба дастурҳо боздошт кардаанд, ки миёни онҳо Абдураҳмон Айёмбеков, додарзодаи Толиб Айёмбеков, яке аз пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон низ будааст. Дар ин бора ИА «АП» дар  такя ба хабари шабакаи телевизиони ВМКБ иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, кормандони милитсия автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2110”-ро бо рақамҳои транзитӣ дар посгоҳи БДА-и ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон боздошт кардаанд, вале ронандаи автомашина ба талаботи кормандони БДА дар мавриди пешниҳоди ҳуҷҷатҳо итоат накарда, барои фирор аз ҷойи ҳодиса талош кардааст.

“Ронанда мошинро ба сатми дигар гардонида гурехтанӣ мешавад, вале як корманди БДА худро болои он мепартояд. Бо вуҷуди ин, ронанда мошинро нигоҳ надошта, корманди милисаро болои қисмати пеши мошинаш то 300 метр бурдааст. Дар ниҳояти кор кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мошинро манъ ва ронандаву чор нафар мусофири онро боздошт мекунанд”, — қайд мешавад дар гузориш.

Миёни боздоштшудагон Абдураҳмон Айёмбекови 21-сола ҳузур дорад, ки додарзодаи Толиб Аёмбеков, яке аз пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ мебошад. Ҳамроҳи ӯ ронанда Навоӣ Бодурови 31-сола, Амид Давлатҷонови 30-сола, Мақсад Мазорови 32-сола ва Фахриддин Давлатови 26-сола низ боздошт шуданд.

“Ташхис нишон дод, ки ҳамаи боздоштшудагон дар ҳолати сархушӣ аз машрубот қарор дошта, аз дохили автомашина низ миқдори зиёди машрубот дарёфт шуд”, -зикр мегардад дар гузориши телевизионӣ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here