Суди ноҳияи Хуросон мардеро, ки дар мактаб бо корд ба ҳамсараш ҳамла кардаву ӯро кушта буд, ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Дар суди ин ноҳия парвандаи ҷиноятӣ нисбати Дусанов Улуғбек Тошпулодович бо моддаи 104 қисми 1-и Кодекси  ҷиноятӣ  баррасӣ  гардидааст. Номбурда ба он айбдор дониста шудааст, ки ӯ бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум кардани  ҳамсари собиқаш Аннақулова Раҳима Норбоевна (таваллудаш 27 июли соли 1964, истиқоматкунандаи ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ, деҳаи Деҳқонобод) 29 июли соли 2017, тахминан соати 09:00, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42 воқеъ дар ноҳияи Хуросон, деҳаи Ҳосилот, омадаааст. Мард ба утоқи кории директори муассиса даромада, бо корд чор  маротиба ба қафаси сина, шикам ва пушти ҳамсараш Аннақулова Раҳима задааст. Зан аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бо  ҳукми суди ноҳияи Хуросон аз 4 октябри соли 2017 Дусанов У.Т. гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар доданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here