Фарзанди бузурги пешвои давлати Куба Фидел Кастро доктори илм Фидел Анхел Кастро Диас-Баларт субҳи панҷшанбе дар Куба худкушӣ кардааст, хабар медиҳад агентии давлатии иттилоотии Prensa Latina.

Гуфта мешавад, ки дар муддати чанд моҳ пизишкон аз афсурдагии рӯҳӣ Кастроро муолиҷа мекардаанд. Аввал ӯ дар бемористон муолиҷа мешудааст, сипас ба муолиҷаи амбулаторӣ фаро гирифта шудааст. Олим номаи пеш аз марг ҳам навиштааст.

Дар ҳангоми марг Кастро Диас-Баларти 68-сола мушовири масъалаҳои илмии Шӯрои давлатии Куба будааст. Мавзӯи илмиаш инноватсия буда, ноиби якуми Академияи илмҳои Куба шуда кор мекардааст.

Худи Фидел Кастро 25-уми ноябри соли 2016 дар синни 90 дунёро падруд гуфт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here