Соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа чораҳои судманд андешида шуд ва теъдоди занон дар ҳайати роҳбарикунандаи шаҳр ба миқдори 60 нафар афзуд. Дар ин бора сардори дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфов хабар дод.
Манбаъ гуфт, ки имрӯз дар хоҷагии халқи шаҳр маҷмуъан теъдоди занони роҳбар беш аз 1200 нафарро ташкил мекунад. Аз ин теъдод дар Маҷлиси вакилони шаҳр 8 нафар, ё 22,5 %, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 26 нафар, ё 23,0 %, фаъолият доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ду сол инҷониб тасмим гирифтааст, ки барои омода кардани занону духтарони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда курси семоҳаи “Мактаби сарварӣ”-ро барои ҷавонзанону духтарони корхонаю ташкилотҳо соҳаҳои гуногун маориф, тандурустӣ роҳандозӣ карда, баъди хатм ба онҳо “Гувоҳнома” диҳад. Соли гузашта 20 нафар соҳиби чунин “Гувоҳнома” шуданд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 амалӣ карда мешавад.
Дар ин замина барномаи шаҳрӣ таҳия ва қабул гардидааст, ки дар асоси он фаъолият дорад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки алҳол нисфи зиёди аҳолии шаҳри Хуҷандро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки беш аз 21 ҳазору 200 нафари онҳо қувваи қобили меҳнат буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар пешбурди корҳо саҳм мегиранд.