Фардо, соати 14:00, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият” дар шаҳри Хуҷанд бозии ҷавобии даври плей-оффи Ҷоми КФО-2018 байни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Аҳал”-и Туркманистон баргузор мешавад.

Барои дастгирии бештар ба мухлисон имкон дода мешавад, ки ройгон ин бозиро тамошо кунанд ва “Хуҷанд”-ро дастгирӣ намоянд, зеро ин бозии муҳим буда, барои шогирдони Рустам Хоҷаев ғалаба ба таносуби ду тӯб зарар аст.

Бозии якуми “Хуҷанд” бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон дар Балканобод баргузор шуд. Бозӣ хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 бар нафъи соҳибони майдон ба анҷом расид. Голи ин дидорро дар дақиқаи 18-уми бозӣ Мурат Анаев тавассути зарбаи ҷаримавии 11-метра ба ҳадаф расонд.

Дар бозии ҷавобӣ ба дастаи футболи «Хуҷанд» ғалаба бо фарқияти ду тӯб зарур аст, зеро чунин бартарӣ имкони иштирок дар марҳилаи гурӯҳиро фароҳам меоварад.

Дар сурати комёб шудан “Хуҷанд” дар даври гурӯҳӣ бо дастаҳои «Олой»-и Қирғизистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин сурат бори аввал 2 даста аз Тоҷикистон ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО роҳхат мегиранд.

Ҷоми КФО

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here