11-уми август дар гулгашти назди Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳия ва идораи захираҳои моддии “Тоҷикматлубот”-и вилояти Суғд баргузор гардид, ки аз он раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода ва дигар масъулини шаҳру вилоят дидан намуданд.

Дар вохурӣ бо шаҳрвандону деҳқонон раиси вилоят қайд кард, ки чунин чорабиниҳо дар асоси супориши бевоситаи Пешвои муазам, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, дар рӯзҳои истироҳат то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ идома меёбад.  

Ин иқдомро сокинони шаҳри Хуҷанд бо хушнудӣ истиқбол намуданд.

Нархи маҳсулот нисбат ба нархҳои бозор 20-40 % арзон буда, сифати маҳсулот низ хуб арзёбӣ карда мешуд. Дар ин намоишгоҳ 1кг аст картошка 080 — 1 сомонӣ, пиёз  40-60 дирам, гӯшти гов 30 сомонӣ, гӯсфанд 33 сомонӣ, карам 0,60-1 сомонӣ, ангур 3-4 сомонӣ, шафтолу 2-4 сомонӣ, себ 1-3 сомонӣ олуча  3 сомонӣ, асал 20-25 сомонӣ, намак 40 дирам, тарбуз 2-4 сомонӣ ва харбуза 10-20 сомонӣ арзиш доштанд.

Саиди Ҳайдар, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here