15-уми октябр дар Муассисаи давлатии маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Иди Меҳргон ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора сардори дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфов хабар дод.

У гуфт, ки дар робита ба ин бо дастури раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор гардидаанд, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин иди ниёкон тадбирҳо андешида шаванд.

Дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва намоиш доир ба ҷашни Иди Меҳргон, озмунҳои «Оши палав», «Кадбонуи моҳир», намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳру навоҳии вилоят ва ғайраҳо пешбинӣ шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here