Клуби футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар даври 17-уми Чемпионати футболи мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ дар сафар бар «Регар-ТадАЗ» пирӯз шуд ва дуюора ба ҷои аввали ҷадвали мусобиқот баромад.

Рӯзи сешанбе «Истиқлол»-и Душанбе бо мушкилӣ тавонист ба «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ғолиб ояд ва муваққатан ба ҷойи аввал барояд. Дар ҷавоби ду голи соҳибони майдон душанбегиҳо бо че гол — дубли Фатҳуллоев (дубл) ва як голи Амирбек Ҷӯрабоев ҷавоб гардонданд.

Барои «Хуҷанд» низ зарур буд, ки дар бозӣ бо турсунзодагиҳо ғолиб ояд. Фарҳод Тоҳиров тавонист дар варзишгоҳи «Талко-Арена»  дар дақиқаи 57-ум ба дарвозаи соҳибони майдон тӯби ягонаро ворид намояд ва дастаашро дубора бар маснад шинонад.

Дар бозии дуюми рӯз дастаи «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони худ «Хатлон»-ро ба шикаст рӯ ба рӯ карда, бо ҳисоби 2:0 пирӯзӣ ба даст овард. Тӯбҳоро Мунир Давлатбеков дар дақиқаи 22-юм ва Хайриддин Тӯрахонов дар дақиқаи 77-ум заданд.

Даври 17-уми Чемпионат имрӯз бо бозии байни дастаҳои «Барқчӣ» ва КМВА «Помир» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ.

Даври 17

«Кӯктош» – «Истиқлол» – 2:3

Голҳо: Меҳроҷиддин  Музаффаров, 15 (1:0). Фатхулло Фатхуллоев, 45 (1:1). Идан Окран, 58 – аз пеналтӣ (2:1). Амирбек Ҷӯрабоев, 60 (2:2). Фатҳулло Фатҳуллоев, 81 – аз пеналтӣ (2:3).

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 0:1

Гол: Фарҳод Тоҳиров, 57.

«Панҷшер» – «Хатлон» – 2:0

Голҳо: Мунир Давлатбеков, 22 (1:0). Хайриддин Тӯрахонов, 77 (2:0).

Ҷой

 Дастаҳо

В

П

М

Б

Т\т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

17

13

3

1

37-14

42

2

«Истиқлол» (Душанбе)

17

13

3

1

31-15

42

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

17

7

3

7

24-26

24

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

17

5

4

8

21-23

19

5

КМВА «Помир» (Душанбе)

16

4

7

5

19-26

19

6

«Хатлон» (Бохтар)

17

5

3

9

17-22

18

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

17

3

6

8

14-22

15

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

16

2

1

13

10-25

7

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here