Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар доираи даври поей-оффи Ҷоми КФО-2018 дар Балканободи Турманистон аз дастаи «Ахал» мағлуб шуд.
Ин вохӯрии якуми ин давр буд, ки 13-уми феврал баргузор шуд. Голи ягонаро соҳибони майдон аз пеналтӣ, ки баъди хатои Фирдавс Чақалов аз ҷониби довари урдунӣ Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ таъйин гардид, ба нишон расонданд. Вохӯрии ҷавобӣ байни ин дастаҳо 20-уми феврал дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият» дар Хуҷанд баргузор мешавад. Ба шогирдони Рустам Хоҷаев зарур аст, ки ғалаба кунанд ва он ҳам бо ҳисоби 2:0. Гол сар додан аслан ба манфиати «Хуҷанд» нест.
Ҷоми КФО-2018
Плей-офф. Вохӯрии якум
«Ахал» (Туркманистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 1:0
Гол: Мурат Аннаев, 18 – аз пеналтӣ.
«Ахал» (Туркманистон): Ботир Бобоев, Гуичмурат Аннагулиев, Гурбангулӣ Аширов, Мурат Аннаев, Сулейман Мухадов, Гуванч Абилов, Дидор Дурдиев (Нурягдӣ Муҳаммедов, 51), Дидор Ҳоҷиев, Бегенч Оқмамедов (Ихлос Сапармамедов, 76), Везиргелдӣ Илёсов, Хошгелдӣ Хоҷовов.
«Хуҷанд» (Тоҷикистон): Алексей Матросов, Фирдавс Чақалов, Далерҷон Тухтасунов, Хуршед Бекназаров, Манучеҳр Аҳмедов, Кароматулло Саидов, Эҳсон Бобоев, Сергей Чеботарев (Дилшод Бозоров, 56), Ҳикматулло Расулов, Ҷаҳонгир Эргашев, Агблей Ҷонс (Фуркатҷон Ҳасанбоев, 56).
Огоҳӣ гирифтанд: Бегенч Оқмамедов («Ахал»), Фирдавс Чақалов («Хуҷанд»).
Бозигари беҳтарин: Мурат Аннаев («Ахал»).
Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).
13 феврал. Балканобод. Варзишгоҳи «Спорт Топлумӣ». 9300 тамошогар.