Клуби футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки дар мавсими гузашта дар чемпионати Тоҷикистон зинаи дуюмро соҳиб шуд ва ҳаққи ширкат дар Ҷоми КФО-ро ба даст овард, барои иштирок дар вохӯриҳои ин мусобиқа ҳайати худро пешниҳод кардааст.

«Хуҷанд» ба ҳайати худ номи 18 бозигар – 3 дарвозабон, 6 муҳофизатгар, 6 ниммуҳофизатгар ва 3 ҳуҷумкунандаро шомил кардааст. Барои ширкат дар Ҷоми КФО хуҷандиҳо ду легионерро ҳам номнавис кардаанд, ки инҳо дарвозабони эстонӣ Алексей Матросов ва ҳуҷумкунандаи ганаӣ Агблей Ҷонс ҳастанд.

Мувофиқи низомномаи мусобиқа даста метавонад то ҳафт рӯз пеш аз оғози бозиҳо боз панҷ бозигари дигарро ба ҳайаташ ворид кунад. Дар сурати ба даври гурӯҳӣ роҳ ёфтан, «Хуҷанд» метавонад, ки ба ҳайати худ боз панҷ бозигари дигарро шомил кунад.

«Хуҷанд» вохӯриҳои худро дар доираи даври плей-оффи Ҷоми КФО-2018 рӯзҳои 13 ва 18-уми феврал баргузор мекунад. Ҳарифи дастаи кишвари мо имрӯз дар Балканободи Туркманистон маълум мешавад. Дар ин ҷо «Ахал» бо «Дордой»-и Бишкек (Қирғизистон) бозӣ мекунад. Дар вохӯрии якум, ки 23-юми январ дар Бишкек баргузор шуд, «Ахал» бо натиҷаи 3:1 ғолиб омада буд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here