Китоби нави публитсист, журналист, номзади илмҳои филологӣ Бахтиёр Қутбиддин зери унвони “Хосияти публитсистика” дар ҳаммуаллифӣ бо Ҷамила Раҳмонова ба нашр расид.

Китоб хусусияти илмиву таълимӣ дошта, дар он доир ба моҳияти публитсистика, таърихи пайдоиш ва ташаккули он, аносири услубӣ, образӣ, жанрӣ, таносуби воқеоту бадеият ва мавқеи муаллиф дар ин навъи эҷод сухан меравад. Муаллифон умумиятҳои публитсистикаву адабиётро ба инобат гирифта, баъзе паҳлӯҳои назми иҷтимоӣ, маҳорати нигорандагӣ ва типсозиву образофариро дар ин гуна асарҳо бо зикри мисолҳои мушаххас нишон додаанд.

Муқаддимаи китобро доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродӣ навиштааст.

Китоби тозанашр барои донишҷӯёну омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавони журналистика ва публитсистика пешниҳод мегардад.

Бояд тазаккур кард, ки Бахтиёр Қутбиддин китобҳои “Рӯҳи Хиросима”, “Роҳ ба сӯи эҷод…” ва “Равзанаи нигоҳ”-ро низ бо услубу сабки хоси илмӣ-публитсистӣ ба қалам додааст.

Нуралӣ Карим

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here