Ҳукумати Қирғизистон пешниҳод мекунад, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ ҳаққи харидани манзилро дар ин кишвар пайдо намоянд. Девони вазирони Қирғизистон мегӯяд, ин тасмим метавонад фазои сармоягузории ин кишварро беҳтар созад. Дар ҳамин ҳол, бо ҳадафи таъмини амният ба хориҷиҳо иҷозат намешавад, ки берунтар аз шаҳр манзил бихаранд.

Лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид кардани тағйирот ба Қонуни манзил» 19 сентябр барои баррасӣ ба порлумон фиристода шудааст. Вазорати адлияи Қирғизистон дар шарҳи лоиҳа гуфтааст, дар Кодекси манзиле, ки соли 2013 қабул шуд, тартиботи харидани манзил муайян нашудааст.  То ин замон комиссияе барои ҳалли масъалаи мазкур фаъолият мекард, ки барҳам хӯрд. Дар ҳоли ҳозир, ниҳоди давлатие, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳаққи харидани манзилро диҳад, вуҷуд надорад.

Беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва сода сохтани тартиби харидани моликият аз сӯи шаҳрвандони хориҷӣ зарурати эҷоди чунин лоиҳаро ба бор овардааст. Ҳукумати Қирғизистон пешниҳод дорад, ки ҳаққи харидани манзил ба хориҷиҳо ба шарти доштани иҷозати истиқомат ё визаи сармоягузорӣ дода шавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here