Як кӯча ё хиёбон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ба номи сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдулло Рудакӣ номгузорӣ мешавад. Дар ин бора дар Ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Душанбе тасмим гирифта шудааст.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки масъалаи ба номи асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ гузоштани яке аз кӯча ё хиёбонҳои шаҳри Остона дар доираи риояи талаботҳои қонунгузории ҳардуҷониба дида баромада мешавад.

Инчунин ташкили овезаи фахрӣ ба ифтихори аввалин узви фахрии хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон академик К. Сатпаев дар шаҳри Душанбе низ тибқи тартиби муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here