Дар маросими баимзорасонии Созишномаи ҳамкории ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамчунин гуфта шуд, ки «Сомон Эйр» нақшаи кушодани хатсайр ба шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Боку ва Пекинро дорад.
Тибқи шартномаи қабулшуда, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” мақоми худро ҳамчун сарпарасти кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон мустаҳкам мекунад. Директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” Абдулқосим Валиев иброз намуд, ки дар Федератсия шарики боэътимод ва дӯсти хубро дарёфт намудааст.
Ҳамзамон, Валиев бо рӯзноманигорон дар бораи нақшаҳои ширкати ҳавопаймоӣ барои соли 2018 сӯҳбат кардд.
— Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо пеш аз ҳама мақсад дорем хатсайрҳои навро ифтитоҳ кунем. Аз ҷумла, нақшаҳои аввалин чунинанд – кушодани хатсайрҳо ба Тошканд, Самарқанд, Боку ва Пекин. Мо ҳамчунин ният дорем пойгоҳи авиатсиониамонро бо харидории ҳавопаймоҳои замонавии Boeing Dreamliner 787 ва Embraer ғанӣ гардонем, — илова намуд ӯ.
Айни замон ширкати «Сомон Эйр», ки аз моҳи сентябри соли гузашта узви ИАТА маҳсуб меёбад, парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самти кишварҳои Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Русия ва Қазоқистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 300, -800 ва -900 иборат аст.