Варзишгарони вилояти Хатлон дар 7 моҳи соли равон аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба вилоят беш аз 1 ҳазору 50 медал ба даст оварданд, ки ин нисбати ҳамин давари соли гузашта 50 медал зиёд аст.

Зимни тасдиқи ин хабар мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Алишер Гулов гуфт, ки дар 7 моҳи соли равон варзишгарони вилояти Хатлон дар 48 мусобиқаи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 277 медали тилло, 314 медали нуқра ва 402 медали биринҷӣ гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки  ба ҷуз ин дар ин давра варзишгарони вилояти Хатлон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, соҳиби 29 медали тилло 15 нуқра ва 12 биринҷӣ шудаанд.

Ӯ гуфт дар ҳашт моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 19 майдончаи варзишӣ, 4 толори варзишӣ ва як маҷмаии варзишӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд. Гуфта мешавад, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бояд дар ҳудуди вилояти Хатлон 27 толори варзишӣ, 113 майдончаи варзишӣ ва 18 майдончаи кӯдакона аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад сохта ба истифода дода шаванд.

Алишер Гулов афзуд: “Ин ҳама дастовардҳои варзишгарон аз рушд ёфтани соҳаи варзиш дар вилояти Хатлон дарак медиҳад, зеро рӯз аз рӯз маблағгузорӣ ба ин соҳа афзоиш меёбад”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here