Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чиниши пахта оғоз гардид. Деҳқонони вилояти Хатлон имсол ният доранд аз майдони 122 ҳазору 400 гегтар пахтазор 250 ҳазору 300 тонна тилои сафед ҷамъоварӣ кунанд.

Аз Сараёсати омори вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки то имрӯз кишоварзони вилояти Хатлон беш аз 8 ҳазору 910 тонна пахта ҷамъвоарӣ кардаанд, ки ин 3,6 дарсади дурнаморо дар бар мегирад.

Гуфта шуд, ки кишоварзони вилоят аз обу ҳавои мусоид истифода намуда, саривақт ҳосили киштшудаи пахтаро ҷамъоварӣ мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here