Дар 9 моҳи соли 2018 дар вилояти Хатлон 56 адад корхона ва коргоҳи нави саноатӣ  бо таъсиси 874 ҷойи кори доимӣ ташкил карда шудааст.

Тибқи ҳисоботи оморӣ дар вилоят дар 9 моҳи соли ҷорӣ 160 адад бинову иншоот, аз ҷумла, 11 муассисаи таълимӣ бо 2604 ҷойи нишаст, 1 неругоҳи барқии обӣ, 77 маркази савдо ва дуконҳои тиҷоратӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ, 13 майдончаи варзишӣ, 1280 адад хонаи истиқоматӣ  сохта ба истифода дода шудаанд.

Инчунин, дар вилояти Хатлон 31485 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки ин гувоҳи рушди соҳаҳои вилоят ва саҳми соҳибкорон дар бунёди корхонаву иншоотҳои саноатӣ  мебошад.

Ҳамзамон, 245 маротиба намоиши ҷойҳои холии корӣ  гузаронида шудааст, ки дар натиҷа наздики 2500 нафар шаҳрванд ба худ ҷойи кори доимӣ  пайдо кардаанд. Дар умум, 5300 нафар бо шуғли гуногун фаро гирифта шудаанд.

Добавить комментарий