Дар 7 моҳи соли равон кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон 122 қарори раисони шаҳру ноҳияҳоро, ки 55 нафари онро мансабдорон ташкил медоданд, бекор кард. 

Прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло зимни нишасти матбуотии худ аз вазъи хариду фурӯши замин дар ҳудуди вилоят, бекор кардани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо, ишғоли ғайриқонунии замин аз тарафи сокинон изҳори нигаронӣ намуд.

Прокурори вилоят иттилоъ дод, ки дар ин давра аз тарафи кормандони прокуратура 66 санҷиши прокурорӣ гузаронида шуда, 923 нафар ба ҷавобгарии гуногун кашида шуда, инчунин 246 ҷинояти вобаста ба замин ошкор карда гардида, 1414 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 54 ҳолат зиёд аст.

Манбаъ гуфт аз 246 парванда 55 ададаш нисбати шахсони мансабдор мебошад, ки 20 парвандаи он ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти каррупсионӣ дошта ва 35 парвандаи ҷиноятӣ танҳо коррупсионӣ аст.

Қайд шуд, ки дар ин давра нисбати 6 корманди беҳдошти замин, 8 корманди ҷамоат, 8 роҳбари хоҷагӣ ва 3 нафар роҳбарони дигар ташкилоту идораҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, онҳо ба ҷавобагрии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Инчунин, ӯ гуфт, ки соли 2017 дар вилоят зимни гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ 160 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шуда, 1 ҳазору 309 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ-ҷиноятӣ кашида шуда буданд.

Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон, Хоҷазода Амиралӣ гуфт, ки кормандони Кумитаи идораи замини вилоят дар 7 моҳи соли равон 4 ҳазору 128 қонуншиканӣ дар самти заминро ошкор намуда, қонушиканҳоро ба маблағи 101 ҳазору 800  сомонӣ ҷарима намуданд. Манбаъ афзуд, ки майдони ғайриқонунӣ ишғол намуда дар ин давра беш аз 2 ҳазору 76 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 1 ҳазору 250 гектарашро заминҳои корами обӣ ташкил медиҳанд.

Инчунин, ӯ гуфт, дар ин давра 504 маводи маъмурӣ барои баррасӣ ба Прокуратура фиристода шудааст ва 153 парвандаи дигар  ба судҳо барои маҷбуран баргардонидан 72 ҳазору 150 сомонӣ равон карда шудааст.

Хоҷазода Амиралӣ қайд намуд, ки кормандони Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон зимни гузаронидани санҷишҳои мушатарак 28 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо, ки барои додани замин баромада буданд, ошкор намуданд.

Маҳмудзода Насрулло гуфт минбаъд кӯшиш мекунанд, нафароне, ки бевосита дар саргаҳи вайронкунии қонунгузории замин ҳастанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд, зеро то агар хулосаи кормандони кумитаи идораҳои замин, кормандони меъморӣ ва шаҳрсозӣ набошад, қарори раиси ноҳия ба имзо намерасад.

Ҳоло ҳам ҳолатҳои тақсимоти ғайриқонунӣ, хариду фурӯш ва худсарона ишғол намудани замин аз байн нарафтааст.

Танҳо дар давоми 10 соли охир қариб 1 ҳазору 300 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионии вобаста ба замин содир шудааст.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here