Аз шабакаҳои Барқи ҷануб дар минтақаи Бохтар хабар доданд, ки аз 31 октябр аҳолии минтақаи Бохтар пура бо барқи доимӣ таъмин гардид.
Зимни тасдиқи ин хабар сармуҳандиси шабакаҳои Барқи ҷануб дар минтақаи Бохтар Раҷабалӣ Бояков гуфт, ки сабаби асосии хомуш шудани барқ дар минтақа ва умуман вилоят омодагии шабакаҳои барқ ба давраи тирамоҳу зимистон буд.
Манбаъ гуфт, алакай омодагӣ ба охир расида, аҳолӣ аз рӯзи 31 октябр пура бо барқи доимӣ таъмин гардид.
Эмомалӣ, сокини вилояти Хатлон, гуфт, ки хомуш шудани барқ тайи як моҳи охир сокинонро озурда карда буд. Аз дирӯз дигар хомуш нашудани барқ онҳоро шод кардааст. Ҳоло ки фасли зимистон аст, мардум умед доранд, ки дигар барқ хомуш намегардаду фаслро ба хубӣ паси сар мекунанд.
Раҷабалӣ Бояков афзуд, ки масъулони шабакаҳои Барқи ҷануб дар минтақаи Бохтар кӯшиш мекунанд, ки аҳолиро 24 соат бо барқи хушсифат таъмин созанд, то сокинон дар фасли сармо азоб накашанд.