Дар вилояти Хатлон соли гузашта 42 ҳолати шикори ғайриқонуниро кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон аз тарафи сокинон ошкор ва «шикорчиён»-ро ба маблағи беш аз 7200 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Муовини сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Қувваталӣ Назиров зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки аз 42 шикори ғайриқонунӣ 90 дарсадаш шикори кабк мебошад.

Ба гуфти ӯ айни замон дар куҳу пуштаҳои  вилояти Хатлон 12 ҳазору 620  кабк ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 1634 кабки ҳилол мебошад.      

Иттилоъ дода шуд, ки дар умум кормандони хоҷагии ҷангал дар ин давра 737 санад оид ба қонунвайронкунии ҷангал нисбати сокинон тартиб додаанд, ки маблағи он 130 ҳазору  717 сомонӣ мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here