Кормандони хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон  дар 11 моҳи соли равон  593  нафар сокини вилоятро барои зарар расонидан ба ҷангал ба малағи 106 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Иҷрокунандаи директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Мираҳмад Давлатов зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки дар ин давра 338 санад оид ба буридани ғайриқонунии дарахтон ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ, 163 санад барои чидани  ғайриқонунии маҳсулоти ҷангал, аз қаблили пиставу чормағз, ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ, 33 санад барои шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои нодир ва парандагон ва  54 санади дигар чорвочаронии ғайриқонунӣ нисбати сокинон   тартиб дода шудааст.

Муовини сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Қуваталӣ Назиров гуфт, ки соли 2017 аз тарафи кормандони муассиса 789 санад оид ба қонунвайронкунии ҷангал ба маблағи беш аз 195 ҳазору 588 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуда буд.

Инчунин, дар соли 2017-ум 42 сокини вилоят барои шикори ҳайвоноти нодир,  ба маблағи 4002 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here