Дар 9 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 328 нафар кӯдак аз тарафи дигар оилаҳо ба фарзандхондӣ қабул гардидаанд, ки ин шумора нисбати ҳамин давраи соли гузашта 15 нафар зиёд аст.

Сурмутахасиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мирсаидзода Ҳурумбӣ гуфт, ки теъдоди фарзандхондӣ баъди дастуру ҳидоятҳои роҳбари давлат афзоиш ёфтааст.

Ӯ гуфт, аз ҷониби шахсоне, ки солҳои тулонӣ бо ҳам зиндагӣ мекарданд,  вале соҳиби  фарзанд нашудаанд, аз хонаитнернатҳо ва дигар  ҷойҳо, кӯдаконе, ки аз падару модар маҳрум мондаанд, ба фарзандхондӣ қабул карда мешаванд.

Қайд карда шуд, ки бештари кӯдкони ба фарзондхондӣ гирифташуда аз хонаинтернет ва оилаҳои ниёзманд гирифта шудаанд. Оилаҳое, ки кӯдаконро ба фарзандхондӣ гирифтаанд, шароити хуб доранд ва ин тифлон дар руҳияи ватандорӣ ва бо меҳру муҳаббати сарпарастони худ ба воя мерасанд.

Манбаъ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар 9 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 1762 ҳолати бекор кардани  ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 431 оилааш аз надоштани фарзанд вайрон шудааст.

Ба фарзоандхондӣ гирифтани кӯдакон то андозае дар коҳиш додани бекоршавии ақди никоҳ мусоидат мекунад, зеро инҳо оилаҳое мебошанд, ки солҳои дароз якҷо умр ба сар бурдаанду соҳиби фарзанд нашуданд. Онҳо кӯдаконро ба фарзандхондӣ гирифта эҳсоси бефарзандии худро фаромуш мекунанд ва оилаи онҳо пойдор мемонад.  

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here