Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ рӯзҳои 20-21 феврал дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Сангвор, Хоруғ-Ишкошим аз сабаби боришоти дурӯзаи борону барф эҳтимоли лағзиши тарма, ғарам шудани барф ва яхбандӣ дар назар аст.

Кумита сокинон ва меҳмонони кишварро ҳушдор медиҳад, аз сафарҳои бе зарурат худдорӣ кунанд. Ҳамзамон, Кумита аз аҳолӣ ва меҳмонони мамлакат хоҳиш мекунад ҳангоми истифода аз роҳҳои номбурда эҳтиёткор бошанд.

Кумита аз ронандагон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо зимни сафар суръати ҳаракатро боло набаранд, масофа ҳаракати мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд ва омодаи ҳар гуна рӯйдоди эҳтимолӣ бошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here