Суди марҳилаи кассатсионии Тоҷикистон рӯзноманигори тоҷик Хайрулло Мирсаидовро, ки ба 12 соли зиндон маҳкум шуда буд, аз маҳбас озод кард.

Суди вилояти Суғд дар мурофиаи пушти дарҳои баста ҳукми Хайрулло Мирсаидовро тағйир дода, озод намудааст.

Тибқи иттилои ҷониби ҳимоя, суд нисбати Мирсаидов ҷарима дар ҳаҷми 80 ҳазор сомонӣ таъин намуда, муҳлати зиндонро бо корҳои ислоҳӣ иваз кардааст.

Мурофиа пушти дарҳои баста сурат гирифт. Қаблан котиботи суд яке аз се додрасро дар мурофиаи кассатсионӣ иваз карда буд.

Суд Хайрулло Мирсаидовро дар шоҳидии бардурӯғ, сохтакорӣ ва исрофи 124 ҳазор сомонӣ гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд. Мирсаидов баробари рӯзноманигорӣ, роҳбарии дастаи зарифони Тоҷикистонро (КВН) ба уҳда дошт. Ӯ моҳи декабри соли 2017 баъди шикояташ аз фасодкории раиси раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон дар вилояти Суғд боздошт гардид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here