Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастрасиро ба сомонаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — tajikistantimes.tj маҳдуд кардааст.
Кормандони ҳафтанома ба АИ «АП» гуфтаанд, ки ду рӯзи охир бе ҳеч далел ва паёме сомона аз ҷониби Хадамот масдуд шудааст. Бино ба гуфтаи кормандони сомона Хадамот суроғаи сомонаро (tajikistantimes.tj) дар get.tj, ism.tj, nic.tj ба фурӯш гузоштааст.
Гуфта мешавад, ҳамаи ин дар ҳолест, ки ҳафтаномаи «Тоҷикистон» барои соҳибихтиёрии ин суроға то соли 2030 пул додааст. То ҳол далели масдуд шудани ин сомона аз ҷониби Хадамот ба кормандонаш шарҳ дода нашудааст.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз нашрияҳои ширкати «Оила» аст, ки онро журналисти маъруф Шарифи Ҳамдампур соҳибӣ мекунад. Сомонаи tajikistantimes.tj, ки аз соли 1999 бо суроғаи pressa.tj фаъолият мекунад, аз аввалин сомонаи иттилоотии Тоҷикистон ба шумор меравад.