Созмони байналмилалии «Хабарнигорони бемарз» 14 сентябр бо нашри як изҳорот ҳукми 4 соли зиндони рӯзноманигор Зулфиқор Сапановро дар Қирғизистон маҳкум карда, аз мақомоти ин кишвар даъват кард, ки ӯро озод кунанд.

«Зиндонӣ шудани Зулфиқор Сапанов барои озодии баён дар Қирғизистон хатари бесобиқа дорад. Мо ҳукми зиндони рӯзноманигорро маҳкум карда, аз суд талаб дорем, ки ӯро зуд озод кунад», — гуфтааст сардори шӯъбаи ин созмон дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Иоҳанн Бих.

Сапанов соли 2016 китоберо бо номи “Кидир санжираси” аз чоп баровард, ки вокунишҳоеро ба бор овард. Намояндагони як қатор созмонҳои динӣ ба Кумитаи амнияти Қирғизистон муроҷиат карда, хостори чораандешӣ шуданд. Дар натиҷа зидди рӯзноманигор бо ҷурми ангехтани бадбинии нажодӣ ва динӣ парванда боз шуд.

Суд 12 сентябри соли равон Сапановро дар ангехтани бадбинии миллӣ ва динӣ айбдор эълом ва 4 сол аз озодӣ маҳрум кард.

“Хабарнигорони бемарз” дар раддабандии имсолаи худ, Қирғизистонро дар қатори кишварҳое қарор дод, ки аз нигоҳи озодии баён мушкил доранд. Ин кишвар дар раддабандии соли гузашта миёни 180 давлати дунё мақоми 85-умро касб карда буд. Имсол се зина поин рафта, мақоми 89-умро ишғол намуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here