Муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон Ҳенри С. Эншер хабари марги полковники собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимовро тасдиқ накардааст.

Номбурда, ки рӯзҳои 3 ва 4 феврал бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, дар суҳбат бо «Радиои Озодӣ» дар мавриди Гулмурод Ҳалимов, ки ба иддаои ҷониби Русия гӯё ӯ соли 2017 дар як амалиёти бомбаборон дар Сурия кушта шудааст, гуфтааст: «Русҳо бисёр чиз мегӯянд. Мо ҳоло дар мавқее нестем, ки ин хабарро тасдиқ кунем».

Ҳенри С. Эншер инчунин иддаои Русияро дар бораи он ки гӯё ИМА вуҷуди гурӯҳи «Давлати исломӣ»-ро пуштибонӣ ва бо онҳо ҳамкорӣ мекунад, комилан рад карда гуфтааст, «соли гузашта дар Афғонистон теъдоди сарбозони амрикоие, ки дар ҷангҳои зидди ДИИШ кушта шудаанд, дар муқоиса ба кушташудагон дар набардҳо ба муқобили Толибон бештар аст».

— Ин иштибоҳ аст. Касе набояд чунин фикр кунад. Тамоми амалҳои анҷомдодаи мо барои мубориза бо ДИИШ далели ин гуфтаҳост. Ин ҳарфҳо ҳақиқат надорад. Мо ӯҳдадор шудаем, ки бо ин гурӯҳ муборизаи беамон барем, — гуфтааст Эншер.

Ёдовар мешавем, ки Амрико ду сол қабл барои иттилоъ дар бораи будубоши Гулмурод Ҳалимов 3 миллион доллар подош ваъда карда буд, вале бо гузашти ин муддат касе дар ин бора маълумоте надодааст.

Бехабариҳо дар мавриди иқомат ва будубоши Гулмурод Ҳалимов дар ҳолест, ки соли гузашта мақомоти тоҷик 7 нафар аз бародарон ва хешони Гулмурод Ҳалимовро дар кӯшиши убури марзи Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ пешгирӣ карданд.

Рӯзи 4-уми июли соли 2017 дар пайи муқобилият бо нерӯҳои давлатӣ чор нафари онҳо -Султонмурод Ҳалимов, Фозил Ҳалимов — бародарони Гулмурод Ҳалимов ва Афзал Абдурашидов — бародарзодаи Ҳалимов (фарзанди Хурсанд Ҳалимов) ва Наим Раҳмонов — додарарӯси Саидмурод Ҳалимов кушта шуданд ва се нафари онҳо Алӣ Ҳалимов (бародарзода), Комил ва Назир Ҳалимовҳо — бародарони Гулмурод Ҳалимов боздошт гардиданд. Мақомоти кишвар гуфтанд, онҳо мехостанд ба давлати Афғонистон ворид шаванд ва ба гуруҳи ҷангиёни он сӯи марз бипайванданд.

Ахиран боздоштшудагон бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — «зархаридӣ», яъне талоши пайвастан ба гурӯҳи террористӣ, қасди «ғайриқонунӣ убур кардани марзи давлатӣ» ва «муқобилият ба корманди милитсия ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ» айбдор дониста шуда, ба муҳлатҳои аз 7 то 18 солии зиндон маҳкум гардиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here