20-уми августи соли равон ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи мошингарди самти “Ҷаббор Расулов – Хуҷанд”-и ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд воситаи нақлиёти тамғаи “Хундай-Портер”, рақами давлатиаш 0859КЕ02, таҳти ронандагии шаҳрванд Ҷ.Д., соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Хистеварз, ҳангоми азназаргузаронӣ боздошт гардид.

Дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 2000 кг хӯроки паррандаи навъи “Калтсий трифосфат”-и истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба худи ронанда Ҷ.Д. тааллуқ дошта, номбурда онро аз деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов аз як шахси ба ӯ ношиноси қирғиззабон, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст, харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ барои фурӯш ба шаҳри Хуҷанд интиқол диҳад.

Ҳамин тавр, шаҳрванд Ҷ.Д. бо ин кирдори худ ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.

Дар асоси далелҳои мавҷуда бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати номбурда мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқувайронкунӣ оғоз карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here