Як гурӯҳи падару модарон аз шаҳри Панҷакент барои дидори фарзандону наздикони наваскарашон, ки дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, ба шаҳри Душанбе омаданд.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Фараж» иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти манбаъ, ин иқдом бо ташаббуси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент сурат гирифтааст.
Нахуст падару модарон дар ин маркази таълимӣ ҷойи хобу ғизохӯрӣ, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона ва осорхонаро аз назар гузаронида, аз шароитҳои хуби мавҷуда барои сарбозон изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Ҳамчунин, ба падару модарон иттилоъ дода шуд, ки сарбозони ин маркази таълимӣ баъд аз маросими савгандёдкунӣ самти фаъолияти худро интихоб карда, аз рӯи 17 самт ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Сарбози қаторӣ Қудратулло Ҷалилов, ки бештар аз панҷ моҳ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат мекунад, аз фароҳам овардани ҳама шароити зарурӣ барои сарбозон дар қисми ҳарбӣ таъриф намуда иброз доштааст, ки сарбозон бо се вақт хӯроки гарм, сарулибос ва хобгоҳи замонавӣ таъминанд.
— Аз Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле миннатдор ҳастем, ки маҳз дар партави сиёсати ин марди хирад тӯли 27-соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин пешравиҳо ноил гардид. Аз иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҲХДТ низ истиқбол мекунем, ки чунин як ташаббуси хуб нишон дода, падару модарони сарбозонро аз шаҳру навоҳии дурдаст ба дидорбинии фарзандонашон меоранд. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо мо хизмати содиқона ба Ватан, ҳифзи марзу буми онро вазифаи ҷонии худ шумурда, барои дифои сарҳадамон аз таҳоҷуми бегона сина сипар хоҳем кард,- гуфтааст сарбоз дар вохӯрӣ бо волидон.
Ҳамчунин, ба қали сардори ин қисми ҳарбӣ Абдулвоҳид Мирзозода ин аввалин маркази таълимӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки соли 1930 таъсис ёфтааст: «Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ 23 марти соли 2005 ин марказ ба тобеияти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ гузашт. Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароити хизматӣ барои ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шуд».
Дар охири вохӯрӣ ансамбли «Марзбон»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои падару модарон ва сарбозон барномаи фарҳангӣ доир кардааст.