АИ «АП» дар такя ба гузориши ширкати телевизионии русии НТВ иттилоъ медиҳад, ки роҳбари Созмони муҳоҷирони меҳнатии тоҷик Каромат Шарифовро бо аробаи маъюбӣ ба фурудгоҳи Домодедово бурдаанд ва аз он ҷо ба Тоҷикистон интиқол додаанд.

НТВ дар ин бора навор омода кардааст, дар ин навор Шарипов бо аробачаи маъюбӣ дар иҳотаи кормандони полис дар фурудгоҳи Домодедово қарор дорад. Ба гуфтаи адвокат ва фаъоли ҷамъиятии тоҷик Иззат Амон, «чанде қабл сутунмуҳраи Шарифов ҷарроҳӣи шуда, ӯ бемор аст».

12-уми декабр аз боздоштгоҳи Егоревск ба дастони Каромат Шарифов завлона зада, тариқи фурудгоҳи Домодедовои Маскав бо ҳавопаймои ширкати «Сибир” ӯро ба Кӯлоб фиристодааанд. Дар фурудгоҳи Кӯлоб низ ба ВАО иттилоъ додаанд, ки Каромат Шарифов дар байни мусофирони ҳавопаймое, ки соати сеи шаб дар инҷо фуруд омад, буд. Сарнавишти минбаъдаи ӯ маълум нест.

Суди минтақаи Любертски вилояти Маскав дар ҳукме раиси собиқи созмони муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия Каромат Шарифовро ба нақзи қонунҳои ин кишвар муттаҳам ва ҳукми «депорти» вай ба Тоҷикистонро содир кард.

Бинобар ҳукми ин суд, раиси собиқи созмони муҳоҷирони кории тоҷик ба нақзи қонунҳои муҳоҷират ва ба даст овардани ғайрқонунии тобеият ва шиносномаи шаҳрванди Русия муттаҳам ва ба пардохти ҷарима ба маблағи 5 ҳазор рубл ва ихроҷ аз ин кишвар маҳкум шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here