Дар хабар аст, ки суди минтақаи Любертски вилояти Маскав дар ҳукме раиси собиқи созмони муҳоҷирони кории тоҷик Каромат Шарифов дар Русияро ба нақзи қонунҳои ин кишвар муттаҳам ва ҳукми ихроҷи вай ба Тоҷикистонро содир кардааст.

Бинобар ҳукми ин суд, раиси собиқи созмони муҳоҷирони кории тоҷик ба нақзи қонунҳои муҳоҷират ва ба даст овардани ғайрқонунии тобеият ва шиносномаи шаҳрванди Русия муттаҳам ва ба пардохти ҷарима ба маблағи 5 ҳазор рубл ва ихроҷ аз ин кишвар маҳкум шудааст.

Ба ин тартиб, Каромат Шарифов дар Федератсия Русия дар толори суд дастгир ва то замони ихроҷ аз ин кишвар дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад.

Хадамоти федералии амнияти Русия 5 октябр соли ҷорӣ шиносномаи Каромат Шарифовро ба далели ғайрқонунӣ будани он мусодира карда буданд.

Ин дар ҳолест, ки Шарифов гуфтааст, шиносномаи тобеияти Русияро вай билофосила баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ба даст овард ва ҳаргиз шаҳрванди Тоҷикистон набудааст.

Дар моҳи августи соли 2016 Суди олии Русия ҳамчунин фаъолияти созмони муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки раёсати онро Каромат Шарифов бар ӯҳда дошт, масдуд кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here