Филиали Ассотсиатсияи Каритас Олмон дар Тоҷикистон (Каритас Олмон) лоиҳаи яксолаи нави худро зери унвони “Омодагии фарогир ба офатҳо тавассути мустаҳкамгардонии иқтидори институтсионалӣ ва фаъолияти даромадоваранда дар ноҳияи Айнӣ” расман оғоз кард. Намояндагони Каритас Олмон ва Ташкилоти ҷамъиятии иҷрокунанда “Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон” (ХАОМ) раисони ҳамаи 8 ҷамоати ноҳияи Айниро, ки дар ҷаласаи бахшида ба оғози лоиҳа ширкат доштанд, бо мақсаду вазифаҳо, натиҷаҳо, фаъолиятҳо ва мӯҳлати иҷрои лоиҳа шинос намуданд.

Негматов Шуҳрат, намояндаи Каритас Олмон зимни сухани пазироӣ изҳор дошт, ки мақсади асосии лоиҳа тақвияти нақш ва устувории кумитаҳои маҳал ҳамчун мақомоти идоракунанда дар сатҳи маҳал буда, лоиҳаи мазкур идомаи талошҳои Каритас Олмон дар самти бунёди маҳаллаҳои фарогири устувор мебошад, то онҳо ба осонӣ бо офатҳо ва мушкилоти иҷтимоӣ мубориза бурда тавонанд.

Сайфиддинов Азимҷон, директори ХАОМ диққати ҳозиринро ба мустаҳкамгардонии иқтидори институтсионалии мақомоти худидоракунӣ дар сатҳи маҳал ҷалб намуда, иттилоъ дод, ки лоиҳа дар баробари як қатор омӯзишҳои зарфиятсозӣ барои аъзоёни кумитаҳои маҳал, инчунин бақайдгирӣ ва қонунигардонии онҳоро низ дастгирӣ мекунад.

Махкамбоев Илҳом, менеҷери лоиҳа аз ХАОМ дар навбати худ роҷеъ ба роҳандозии фаъолиятҳои ба даст овардани даромад дар сатҳи маҳал баромад кард. Ӯ зикр намуд, ки ин лоиҳаи пилотӣ (озмоишӣ) мебошад, аз ин рӯ, танҳо як грант (кумаки молӣ) ба як кумитаи маҳал дар асоси озмун бо мақсади дастгирии лоиҳаи даромадоваранда пешниҳод карда мешавад. Фоидае, ки аз лоиҳа ба даст меояд, барои қонеъгардонии ниёзҳои кумитаи маҳал бо таваҷҷӯҳи хос ба коҳиши хатари офатҳо бо фарогири манфиатҳои шахсони дорои маъюбият истифода хоҳад шуд. Пас аз анҷоми бомуваффақияти лоиҳа, дигар кумитаҳои маҳал метавонанд, ки амалияи мазкурро барои дархости дастгирии донорҳо дар соҳаи коҳиши хатари офатҳо такрор намоянд.

Айнӣ як ноҳияи кӯҳии камаҳолиест, ки дар қисмати шимоли Тоҷикистон ҷойгир буда, деҳаҳои он ба офатҳои гуногуни табиӣ мувоҷеҳ мешаванд. Дар ноҳия 67 деҳа мавҷуд аст, ки 40-тои онҳо ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани сел, тарма ва ярч, бориши барф ва резиши харсангҳо рӯ ба рӯ мегарданд ва ин ҳолат ҳаёти одамонро зери хатар гузошта, фаъолиятҳои кишоварзӣ ва чорводориро халалдор месозад.

Каритас Олмон аз моҳи январи соли 2018 ин ҷониб бо маблағгузории худ ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо дар ноҳияи Айнӣ лоиҳаҳоеро амалӣ мекунад, ки ҳадафи онҳо беҳтар кардани шароити зиндагии шахсони дорои маъюбият тавассути пешниҳоди хизматрасонии тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, коҳиши хатари офатҳо бо фарогирии манфиатҳои шахсони дорои маъюбият ва татбиқи фаъолиятҳои ба даст овардани даромад мебошад. Дар баробари дигар омӯзишҳои зарфиятсозӣ ва маъракаҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, гурӯҳҳои эътино дар ҳамаи 8 ҷамоат таъсис гардида, бо асбобу лавозимоти зарурӣ таҷҳизонида шуд. Инчунин, бо мақсади пешгирии фарсоиши хок ва обхезӣ деворҳои сангӣ бунёд гардида, дарахтони мевадиҳанда шинонида шуданд ва як экскаватори хурд барои тоза кардани каналҳои селгузар ва иҷрои дигар корҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда эҳдо карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here