Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода мегӯяд, ҳолатҳои коррупсионӣ дар фаъолияти Шаҳбоз Раҷабзода аз ҷониби мақомоти махсуси қудратӣ ошкор ва ба Президенти мамлакат пешниҳод шудааст.

Номбурда, имрӯз, 1- уми август, дар нишасти матбуоти ниҳодаш гуфт, эродҳои Президенти кишвар дар хусуси фаъолияти Шаҳбоз Раҷабзода барояш ғайричашмдошт буданд.

— Мо наметавонем, дар бораи ҳаёти шахсии ҳар як корманд маълумот дошта бошем. Ман аз куҷо медонам, ки кадом корманд дар хонааш чӣ дорад? Ҳолатҳои коррупсиониро дар фаъолияти Раҷабзода мақомоти махсус ошкор кардааст, ки чунин амалҳо ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд. Камбудии мо ҳам дар ҳамин буд, ки аз ҷониби Раёсати амнияти дохилии Хадамот ин ҳолат ошкор карда нашуд ва пас аз эроди Президенти кишвар мо ин раёсатро пурра барҳам додем, — гуфт Каримзода.

Сардори Хадамоти гумрук ҳамчунин, дар мавриди фаъолият кардани хешу табораш ва намояндагони як маҳал тасдиқ кард ва гуфт онҳо қабл аз омадани ӯ дар ин ниҳод фаъолият доштаанд.

— Ман 5 сол пеш ба мақомоти гумрук омадам. Он нафароне, ки дар назар доред, 20-25 сол боз дар мақомоти гумрук фаъолият мекунанд. Ман роҳбари мақомот шуда, бояд зодагони ин ё он минтақае, ки зодгоҳи ман аст, аз кор пеш кунам? Ман ин чизро намефаҳмам? —  суол гузошт Каримзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here