Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» бахшида ба пешвози ҷашни 700-солагии шоири ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ нахустин ҷилд аз «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ»-ро бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо» дар ҳаҷми 300 саҳифа ба нашр расонид, ки аз ҷониби кормандони ҷавони Марказ Шехимов Иззатбек ва Юсупов Зоҳирҷон таҳия ва тавзеҳ гаштааст. Дар ин бора директори ин муассиса Баҳром Раҳматов хабар дод.

Таърихи 18 феврал хабарнигори faraj.tj бо роҳбари ин муассиса суҳбат гузаронида, аз нашри китобҳои нав роҷеъ ба эҷод ва ҳаёти Хоҷа Камоли Хуҷандӣ иттилоъ дода буд.

— Китоб фарогири матолиби сарчашмаҳои асосии шинохти шахсият ва ҷаҳонбиниву шеъри Шайх Камоли Хуҷандӣ буда, барои муҳаққиқони адабпажӯҳ ва оммаи васеъи хонандагони тоҷик пешкаш мегардад. Он дар баробари фарогирии муҳимтарин маълумоти тазкираҳои  қадиму  муосир, ҳамчунин, матолиби китобҳоеро, ки роҷеъ ба нақду  баррасии ашъори шоир пардохтаанд, шомил мебошад. Дар китоби мазкур маълумоти сарчашмаҳое, ки дар замони Камоли Хуҷандӣ иншо шудаанд, аз  қабили дебочаи девони шоир, китобҳои «Дастуру-л-котиб»-и Муҳаммади Нахҷувонӣ, «Ҷавоҳиру-л-асрор»-и Шайх Озарӣ ва ғ. дар ин радиф дар мадди назари аввал қарор гирифтааст. Дар ин замина, никоти норавшане, ки пиромуни ҳаёти шоир то кунун мавҷуд буд, бо  баррасии  чунин  сарчашмаҳо  равшан  хоҳад  шуд, — шарҳ медиҳад ӯ дар саҳифаи расмии муассиса.

Дар китоб кӯшиш шудаааст, то маълумоти 77-сарчашмаҳо оварда шавад:

  1. «Дебоча»-и девони Камоли Хуҷандӣ
  2. «Дастуру-л-котиб»-и Шамсуддини Нахҷувонӣ
  3. «Ҷавоҳиру-л-асрор»-и Шайх Озарӣ
  4. «Нафаҳоту-л-унс»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ
  5. «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ
  6. «Маҷолис-н-нафоис»-и Амир Алишери Навоӣ
  7. «Тазкирату-ш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ
  8. «Силсилату-л-орифин»-и Муҳаммади Самарқандӣ
  9. «Мақсаду-л-иқболи-с-султония»-и Абдуллоҳи Воиз
  10. «Маҷолису-л-ушшоқ»-и Камолуддини Ҳусайни Гозургоҳӣ
  11. «Риҷоли «Ҳабибу-с-сияр»-и Хондамир
  12. «Равзоту-л-ҷинон»-и Ҳусайни Карбалоӣ
  13. «Кашкӯл»-и Шайх Баҳоӣ
  14. «Латоифу-т-тавоиф»-и Фахруддин Алии Сафӣ
  15. «Арафоту-л-ошиқин»-и Тақеуддини Балёнӣ
  16. «Шарҳи Судӣ бар Ҳофиз»-и Муҳаммад Судии Буснавӣ
  17. «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ
  18. «Хулосату-л-ашъор»-и Тақеуддини Кошӣ
  19. «Баҳористони сухан»-и Мир Абдурраззоқи Шоҳнавозхон
  20. «Миръоту-л-хаёл»-и Шералихони Лудӣ
  21. «Хулосату-л-афкор»-и Абӯтолиби Табрезӣ
  22. «Шамъи анҷуман»-и Муҳаммадсиддиқи Ҳасанхон
  23. «Сафинату-л-авлиё»-и Дорошукӯҳ
  24. «Асрору-л-ибодот»-и Қозӣ Саиди Қумӣ
  25. «Равзаи атҳор»-и Ҳашрии Табрезӣ
  26. «Маҷмау-н-нафоис»-и Сироҷуддин Алихони Орзу
  27. «Махзану-л-ғароиб»-и Аҳмад Алихони Санделавӣ
  28. «Руҳу-л-баён»-и Шайх Исмоил Ҳаққӣ
  29. «Оташкада»-и Озари Бекдилӣ
  30. «Тароиқу-л-ҳақоиқ»-и Муҳаммад Маъсуми Шерозӣ
  31. «Офтоби оламтоб»-и Муҳаммадсодиқхони Ахтар
  32. «Хизонаи омира»-и Озоди Балгиромӣ
  33. «Мунтахабу-л-латоиф»-и Раҳмалихони Имон
  34. «Риёзу-л-орифин»-и Ризоқулихони Ҳидоят
  35. «Маҷмаъу-л-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят
  36. «Суҳуфи Иброҳим»-и Алӣ Ибоҳим Халилхон
  37. «Сафинаи Хушгӯ»-и Биндробан Доси Хушгӯ
  38. «Тӯри маънӣ»-и Аҳмад Ҳусайни Кокуравӣ
  39. «Миръоту-л-асрор»-и Абдурраҳмон Чиштии Деҳлавӣ
  40. «Тазкираи Ҳусайнӣ»-и Мир Ҳусайндӯсти Санбаҳлӣ
  41. «Хайру-л-баён»-и Шоҳҳусайни Систонӣ
  42. «Ҳадияту-л-орифин»-и Исмоилпошшои Бағдодӣ
  43. «Натоиҷу-л-афкор»-и Қудратуллоҳи Гупомӯӣ
  44. «Хазинату-л-асфиё»-и Ғуломсарвари Лоҳурӣ
  45. «Тазкираи илоҳӣ»-и Мир Имомуддини Илоҳӣ
  46. «Баҳри заххор»-и Ваҷеҳуддин Ашраф
  47. «Бустону-с-сайёҳа»-и Зайнуддини Шервонӣ
  48. «Таърихи Роқим»-и Роқими Самарқандӣ
  49. «Наштари ишқ»-и Ҳусайнқулихони Азимободӣ
  50. «Қомусу-л-аълом»-и Шамсуддин Сомии Фрошарӣ
  51. «Тазкираи Нозим»-и Нозими Табрезӣ
  52. «Манзару-л-авлиё»-и Муҳаммадкозими Табрезӣ
  53. «Маноқиб»-и Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ
  54. «Тазкирату-ш-шуаро»-и Абдулғанихони Ғанӣ
  55. «Хайротия»-и Муҳаммад Алии Кирмоншоҳӣ
  56. «Талфиқу-л-ахбор»-и Рамзӣ
  57. «Шамсу-т-таворих»-и Шайх Асадуллоҳ Дарвеши Носиралӣ
  58. «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садруддин Айнӣ
  59. «Асарофаринон»-и Муҳаммадризо Насирӣ
  60. «Мақбарату-ш-шуаро»-и Саййид Зиёуддини Саҷҷодӣ
  61. «Ганҷи сухан»-и Забеҳуллоҳи Сафо
  62. «Дувист суханвар»-и Алӣ Назмии Табрезӣ
  63. «Тазкираи шуарои Озарбойҷон»-и Муҳаммади Дайҳим
  64. «Суханварони Озарбойҷон»-и Азизи Давлатободӣ
  65. «аз-Зариъа»-и Аллома Оқобузурги Теҳронӣ
  66. «Райҳонату-л-адаб»-и Мирзо Муҳаммадалии Мударрис
  67. «Фарҳанги се ҳазор тан аз бузургону номоварони Эрон»-и Абулазими Ризоӣ
  68. «Тазкираи шоирони Хуҷанд»-и Эргашалӣ Шодиев
  69. «Посдорони ҳарими ишқ»
  70. «Тазкираи шуарои Хуҷанд»-и Абдулманнон Насриддини Хуҷандӣ
  71. «Шарҳи «Назму-д-дурар»-и Соинуддини Хуҷандӣ
  72. «Сафвату-с-сафо»-и Таваккал ибни Исмоил
  73. «Шарҳи «Маснавӣ»-и Муҳаммади Наим
  74. «Миръоту-л-булдон»-и Эътимодуссалтана
  75. «Тазкираи Паймона»-и Аҳмад Гулчини Маонӣ
  76. «Гулшани адаб»
  77. «Фарҳанги аъломи улуми ақлии исломӣ»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here