Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври аввали мусобиқаи байналмилалии Ҷоми байниминтақавӣ дар шаҳри Аҳмадобод бар дастаи Ҳиндустон камбэк кард ва бо ҳисоби 4:2 пирӯзӣ ба даст овард.

Шогирдони Усмон Тошев, ки баъд аз қисми якум бо натиҷаи 0:2 мағлуб мешуданд, маҳорати олӣ нишон доданд ва ба дарвозаи Ҳиндустон 4 голи беҷавоб заданд. Голҳои Тоҷикистонро Комрон Турсунов (дақиқаи 56), Шериддин Бобоев (58), Муҳаммадҷон Раҳимов (71) ва Шаҳром Самиев (75) заданд. 2 голи мизбонҳоро Сунил Четрӣ ба ҳадаф расонд. Муҳаммадҷон Раҳимов беҳтарин бозингари ин вохурӣ дониста шуд.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври дуюм 10 июл бо дастаи мунтахаби Сурия вориди майдон мешавад, дар даври ниҳоӣ бошад, бо дастаи ҶХД Корея вомехурад.

Мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад, ки ҳар даста бо ҳам як бозӣ анҷом медиҳанд. Дар натиҷаи бозиҳои даврӣ ду дастаи беҳтарин дар финал бо ҳам вомехуранд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи «ЕКА Arena»-и шаҳри Аҳмадобод доир мегарданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here