Вақтҳои охир сарусадо атрофи кам шудани шумораи кормандони ҶДММ «Ёқут — 2000» зиёд ба гӯш мерасад.

Бояд гуфт, ки ҶДММ «Ёқут — 2000» соли 2008 ташкил шуда, шумораи коргаронаш ба 970 нафар мерасид, ки аз 22 бригада иборат буд. Ҳоло бошад, дар ин корхона шумораи коргарон тадриҷан кам шуда, дар ду баст 350-400 нафар коргар кор мекунанд, ки аз 5 бригада иборатанд.

Сабаби кам шудани коргарони корхонаи мазкурро раиси иттифоқи касабаи ҶДММ «Ёқут — 2000» Муаттара Қаюмова чунин шарҳ дод:

— Корхонаҳои ҳаммонанд бисёр шудаанд, дар ҳоле, ки барои як Душанбеи мо се корхона бас аст. Корхонаҳои наве, ки таъсис ёфтаанд, коргарони моро «пули бисёр медиҳем» гуфта бурданд. Корхонаи мо иқтидори 1200 нафаро бо ҷои кор таъмин кардан дорад, лекин, як моҳ мегузараду он коргар маош талаб мекунад. Вақте фармоиш набошаду даромад набошад, маош аз куҷо мешавад?

Инчунин, мавсуф зикр намуд, ки норасоии кадрҳои маълумоти олидор нигаронкунанда аст: «Донишҷӯ баъди хатми донишгоҳ намеояд, агар ояд ҳам, ҳеҷ чизро намефаҳмад».

Номбурда ҳамзамон аз рақобати носолим изҳори нигаронӣ намуда, мегӯяд, ки «баъзе соҳибкорон маҳсулоти пастсифатро аз хориҷи кишвар ворид мекунанд ва ё маҳсулотро бурда дар хориҷ бастабандӣ кардаву оварда тамғаи худро мезананд. Ҳатто ҳолатҳое буд, ки аз номи мо баромад карда, тамғаи моро заданд. Аз ҳамин нигоҳ, бояд байни соҳибкорон рақобати солим бошад».

Нури Саид

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here