Тавре дафтари матбуоти БДА хабар медиҳад, аз 11- ум то то 21–уми ноябри соли ҷорӣ бо мақсади коҳиш додани сатҳи садаманокӣ ва танзими интизоми ҳаракат дар роҳ дар нуқтаҳои серодами пойтахт хиёбони Саъдии Шерозӣ назди Сирки давлатӣ, хиёбони Айнӣ назди олами китоб, километри 7-уми шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат, кӯчаи Сино назди автовакзали шаҳри Душанбе, кӯчаи Сомонӣ назди “Кӯли Ҷавонон”, кӯчаи Неъмат Қарабоев назди бозори “Саховат” амалиёти “Пиёдагард” давом дорад.
То 18-уми ноябр нисбат ба 1570 нафар пиёдагард барои вайрон кардани талаботи ҳаракат дар роҳ ва аз ҷойи муаррарнашуда гузаштанашон, тибқи моддаи 340 қисми 1 кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ дар ҷойи қонунвайронкунӣ бо истифодаи баргаҳои ҷаримавӣ аз ҳар қонунвайронкунанда ба андозаи 6 сомонию 66 дирам ва дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 10 ҳазору 801 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Новобаста ба ҷаримаи пиёдагардон масъалаи ҳаракат дар роҳ ҳамоно хатарнок боқӣ мемонад. Дар кӯчаи маҳаллаи маъруф ба “1- ум советский” мошинҳои зиёд худсарона таваққуф мекунанд. Чаро ин манзара аз дидаҳо дур мондааст? Дар хати роҳ истодани автомобилҳои шахсӣ ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа пеш меоранд. Таваққуфгоҳ кам аст, ё сокинон аз он истифода намебаранд?
— Танбашавии роҳ аз дар ҷойи мамнӯъ таваққуф кардани мошинҳо сар мезанад. Дар истгоҳҳои шаҳр аломатҳои гузошта шудаанд, аммо мардуми мо умуман ба он диққат намедиҳанд, — гуфт дар суҳбат бо мо як ронандаи ширкати “Рахштаксӣ”.
— Мо ҳам бисёр вақт қоидаҳоро вайрон мекунем, мусофирон ба ҷойҳои лозимаашон ист мегӯянд, мо ҳам маҷбурем, ки истем. Нозирони роҳ мегӯянд, ки дар қатори аввали роҳ истед, аммо бисёр вақт хати 1-ум банд бошад, дигар куҷо истем? — мегӯяд ронандаи хатсайри № 19 Тоҷиддин.
Теъдоди нокофии мусофирон ва ҳаққи хизмати барои аксарият дастнорас, ба гуфти номбура, сабабҳои асосии истифода набурдани истгоҳҳо будаанд.
Вақте доир ба ин масъала ба бозрасони таблиғоту ташвиқоти БДА муроҷиат кардем, онҳо гуфтанд, ки бе иҷозати роҳбар посух дода наметавонанд.
Файзуллохон Обидов