Аксарият аз сифати пасти пойафзолҳо, ки бештаринашон аз хориҷи кишвар ворид мешавад, шикоят мекунанд. Замони шӯравиро бартар дониста, аз корхонаи овозадори пойафзолбарории «Базеб» ёд мекунанд. Имрӯз соҳибкорони маҳаллӣ барои пур кардани бозори дохилӣ икдомоти ҷадидро рӯйи кор овардаанд.
— Мо зиёда аз 100 номгӯйӣ пойфзоли мардонаву занона ва кӯдакона истеҳсол мекунем, ки аз маҳсулоти воридотӣ 50% бартарӣ дорад. Истифода аз чарми табиӣ сабаб мешавад, ки пойафзол дер хизмат кунад ва аз ҷиҳати экологӣ безарару ба саломати фоидаовар бошад. Аз соли 2016 инҷониб бо ин кор машғулем ва хурсандии мо дар ин аст, ки харидорон аз кори мо розиянду дар баробари ин бо бренди ватанӣ муаррифӣ мешавад, — мегӯяд роҳбари бренди кафшбарории «Azam» Азамҷон Аҳруллоев.
Коргоҳи ӯ азм дорад, ки то 2 соли оянда талаботи 15% -и мардумро ба пойафзоли бренди «Azam» таъмин кунад. Истеҳсоли намуди гуногуни ҷувздон ва аксессуарро низ ба роҳ мондааст, ки талабгорони зиёд дорад ва ба ҳамин хотир дар бозори «Баракат» ва «Сомон» нуқтаҳои фурӯш кушодаанд.
— 25 нафар корманди мо аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ буда, боз дар навбати худ шогирд ҳам мебароранд, ки ин ба раванди ҷонноккунии кор нақш мебозад. Бархе қисмҳои кафш дастӣ тайёр мешавад, ки ин ҳам барои босифат шудани маҳсулот аст, — гуфт ӯ.