Тиҷорати бузурги намояндагӣ қарзҳои бузург ва кафолатҳои шахсони сеюмро дар бар мегирад, аммо боз як хизматрасонии боэътимоде низ ҳаст, ки ширкатҳои ботаҷриба аз он фаъолона истифода мебаранд. Сухан дар бораи кафолати бонкӣ — яке аз василаҳои маъмултарин ва васеъ истифодашавандаи амалиёти муомилоти ҳуҷҷатӣ дар байни мизоҷони ҶСК «Эсхата», ҳам дар фаъолияти иқтисодӣ дар қаламрави кишварамон ва ҳам дар тиҷорати хориҷии мизоҷон, меравад.
Кафолати бонкӣ ваъдаи хаттии бонк дар бораи пардохт ба бонки дигар, ширкат ё ягон каси дигар дар асоси шартнома, қарз ё таъминоти қарз ба шахси сеюм дар сурати иҷро накардани уҳдадориҳои худ мебошад. Ин воситаи мувофиқест барои муомила бо шарикон.
Кафолати бонкӣ қисми шартномаи байни фурӯшанда ва харидор буда, уҳдадории алоҳидаи ҳуқуқӣ ва муносибатҳои шартномавӣ байни кредитор ва дебитори асосӣ мебошад. Пардохтҳо оид ба кафолат аз бенефитсиар талаб мекунанд, ки ба бонк ариза пешниҳод карда шавад, ки уҳдадориҳои қарордод аз ҷониби аризадиҳанда оид ба шартнома иҷро нагардидаанд ё ба таври пурра иҷро нашудаанд ва бенефитсиар ҳуқуқ дорад миқдори муайяни пулро таҳти кафолат гирад. Кушодани кафолати бонкӣ дар ҶСК «Бонки Эсхата», новобаста аз намуди кафолати бонкӣ аз гарав ё замонат то 12%-и солонаро ташкил медиҳад.
ҶСК «Бонки Эсхата» чунин номгӯи кафолатҳоро пешниҳод менамояд:
-
Кафолати пардохт;
-
Кафолати баргардонидани маблағи пешпардохт;
-
Кафолати иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ;
-
Кафолати иштирок дар пешниҳоди тендерӣ (кафолати тендерӣ);
-
Кафолатҳои гумрукӣ.
Тибқи маълумотҳои оморӣ, ҶСК «Бонки Эсхата» ҳар сол беш аз 200 кафолати бонкиро ба манфиати ширкатҳои мухталиф, аз ширкатҳои пешрафтаи брендӣ дар хориҷи кишвар то истеҳсолкунандагони маҳсулот, брокерҳо, агентиҳо барои фурӯши ҳамлу нақли ҳавоӣ ва дигар хизматрасониҳо дар Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Талабот ба кафолати бонкӣ ҳар сол меафзояд. Ин хидмат дар байни харидорон, истеъмолкунандагон, молрасонҳо, муштариён ва пудратчиён маъруфият пайдо мекунад.
Гуфтан ба мврид аст, ки ҶСК «Бонки Эсхата» ба рӯйхати бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст, ки ҳуқуқи ба манфиати мақомоти гумрук додани кафолати гумрукиро дорад, ки ин ба осон шудани муомилоти гумрукӣ мусоидат мекунад.
Кафолат лозим аст? Пас, бо Бонки Эсхата тамос гиред!