Моҳлиқо Шарифова сардори маркази матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Номбурда солҳои 2002-2004, вақти донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буданаш, дар ТВ «Кӯлоб» ба ҳайси ровӣ фаъолият кардааст. Солҳои 2004-2006, баъди хатми мактаби журналистии «Интернюс» дар Тоҷикистон, дар ҳамин ташкилот ба ҳайси хабарнигор кор карда, ҳамзамон, солҳои 2004-2005 хабарнигори махсуси рӯзномаи «Кулябская правда» буд. Баъди хатми донишгоҳ ба Душанбе омада, дар ТВ «Сафина» аввал дар идораи барномаҳои иттилоотӣ муаллиф ва барандаи барномаи «Навид», баъдан муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва муаллифи як қатор барномаҳо, аз қабили барномаи интеллектуалии «Ҳафт ахтар», барномаи «Этикет», барномаи фарҳангӣ-илмии «Эҷод», сармуҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ, муаллифи шоу-барномаи таҳлилӣ-иҷтимоии «Манзари роз», барномаи иқтисодии «Ҷаҳони иқтисод» буд.

Мавсуф соли 2014 сардори Департаменти маркетинг ва коммуникатсияи Федератсияи футболи Точикистон, солҳои 2016-2017 сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии ТВ «Варзиш», соли 2018 то моҳи октябр сардори бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ буд.

Ҷамила Мирбозхонова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here