Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мегӯяд, роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон террористӣ эълоншудаи ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ахиран бо ДИИШ ҳамкорӣ доштанашро фош кардааст.

Номбурда имрӯз, 2-юми феврал, зимни нишасти матбуотии МТС дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, аз замоне, ки ҲНИТ дар Тоҷикистон ташкилоти террористӣ эълон шуд, раванди гаравиши ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро коҳиш ёфтааст.

“Имрӯз оппозитсия дар Аврупо ба Тоҷикистон ягон хавфу хатар надорад. Аз ҳама муҳимаш бо шарофати маҳкам кардани ҳизби наҳзати ислом раванди ба хориҷ гурехтани бачаҳои тоҷик, ба ташкилотҳои террористӣ ҳамроҳ шудани онҳо, ба Афғонистону Покистону Ироқу Сурияву Либия рафтани онҳо манъ шуд. Ман ҳозир чунин ҳолатеро намедонам, ки дар соли охир вуҷуд дошта бошад. Ҳарфҳои намояндагони ин ҳизб, ки мегуфтанд, зидди терроризманд, комилан дурӯғ будаст”, — гуфт Сафаров.

Сафаров дар идома аз забони як нафар шаҳрванд, ки аз Туркия ба Тоҷикистон баргардонида шуд ва мусоҳибааш ҳам чанде қабл дар Агентии иттилоотии “Ховар” нашр шуд, афзуд: “Кабирӣ шахсан супориш додааст, Ҳасаншо Собиров бо аҳли оилааш нест карда шавад, то ки ба Тоҷикистон нараваду сирру асрори онҳоро фош накунад”.

Муовини директори МТС бо изҳори таассуф гуфт, ки “интизор набудем, ки як шахси дипломат, сиёсӣ чунин фармоиши беақлонаро диҳад, ки як тоҷикро бо аҳли оилааш дар Истамбул ба қатл расонанд, то роҳбарии гуруҳи 24 ва ҳама сетҳои бо ДИИШ вобастабудаи зери назораташро фош накунад».

Сайфулло Сафаров дар ҳоле мегӯяд, гаравиши ҷавонони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротӣ дар хориҷ қариб аз байн рафтааст, ки раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён низ дар нишасти мабуотии ниҳодаш рӯзи гузашта гуфта буд, соли 2017 баррасии парвандаҳои ҷиноятии хусусияти террористию экстремистӣ дошта, дар судҳои кишвар кам шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here