Айни ҳол дар шаҳри Кӯлоб бунёди чанд иншооти баландошёна идома дорад, ки биноҳои ҳабдаҳошёнаи Донишкадаи технологӣ ва меҳмонхонаи панҷситорадор аз ҷумлаи онҳоянд.

Биноҳои мазкур дар  шафати рости хиёбони Исмоили Сомонӣ қомат афрохта, аз ҳам дар масофаи беш аз 2 километр дурӣ  қарор доранд. Бинои меҳмонхона дар маркази шаҳр, яъне дар  канори  боғи маданӣ истироҳатӣ ва бинои Донишкадаи технологӣ дар  даромадгоҳи шаҳр, яъне дар қисмати ҷанубии хиёбони мазкур бунёд меёбанд.

Ба ин ду бинои баландошёна президент Эмомалӣ Раҳмон ҳини сафарҳои кории хеш ба шаҳри Кӯлоб санги асос гузошта буд.

Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи иншоотҳои бунёдгаштаи шаҳр дар ҳоли пешравист.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here