Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, 10-уми май дар деҳаи Курути ноҳияи Айнӣ сӯхтор ба амал омадааст, ки дар натиҷа ду тифл хурд ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, ки фоҷиа баъди нисфирӯзӣ сар задааст. Рӯзи якшанбе, ҳудудан пас аз нисфирӯзӣ, хонаи истиқоматии сокини 31-солаи деҳаи Курут оташ гирифтааст.

Ин сӯхтор аз ҷониби кормандони Хадамоти оташнишонии ноҳияи Айнӣ пурра хомӯш карда шудааст, аммо, мутаассифона, бар асари ин фоҷиа фарзандони соҳиби хона, ки яке дусола ва дуюмӣ яксола будаанд, дар натиҷаи дуди ғализи сӯхтор, дар ҷойи хобашон ба ҳалокат расидаанд.

Мақомоти дахлдор як сабаби сӯхторро ба беназорат гузоштани асбобҳои  барқӣ рабт додаанд, вале то ҳол иллати аслии сар задани сӯхтор аз ноқили барқ ё таҷҳизоти дигар дақиқ гуфта нашудааст.

Акси тавзеҳӣ аз Интернет

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here