Дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Рустам гуфт, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо барои дастаҳои наҷотдиҳандае, ки дар шаҳру ноҳияҳо ҳастанд, курсҳои махсуси омӯзишӣ гузаронида мешавад.

Ба гуфтаи Назарзода Рустам як лоиҳа барои қарор қабул кардан дар мавриди ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахсоне, ки дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ мекунанд, пешниҳод гардида, дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. ”Агар лоиҳаи мазкур дастгирӣ ёбад, хело хуб мешавад, дар сурати баръакс дигар чораҳо андешида хоҳанд шуд”,- афзуд ӯ.

Камолов Ҷамшед Ҷамолович — сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд зикр намуд, ки “ҳамасола мо нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, дар тамоми сохторҳои Кумита имзо мекунем. Асосан ин нақшаи чорабиниҳо ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ, санҷиши омодагии истироҳатгоҳҳо, лагерҳои мактабӣ ва бачагона вобаста мебошад. Ҳамзамон, баҳри пешгирӣ аз хавфҳо дар боғҳои шаҳри Душанбе шиору овезаҳо насб гардида, як хадамоти наҷотдиҳандагон ташкил карда шудааст, ки бехатарии шаҳрвандонро таъмин менамоянд”.

— Бояд қайд намоям, ки имсол нисбат ба соли гузашта ҳодисаҳои ғарқшавӣ кам ба назар мерасад. Ин вобаста аст ба вазъияти коронавирус, риояи фосилагирӣ ва қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ,- илова кард ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here