Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияҳои дурдасти куҳӣ боришоти шадид дар назар гирифта шудааст. Дар чанд рӯзи охир офати табиӣ боиси ба ҳалокат расидани як нафар шудааст.

Манбаи мазкур иттилоъ медиҳад, ки бо сабаби боридани борони шадиди рӯзи 5-уми уми май ҳудуди соати 18:10 дар кӯчаи Деҳи Мирзои ҷамоати шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун ярч фаромад,а дар натиҷа хонаи истиқоматӣ ва хоҷагии ёрирасонӣ сокини ин маҳал Аминов Абдуқодир вайрон шудааст. Ҳамчунин, ба ҷойи зисти сокинони дигари кӯчаи мазкур низ хатар доштааст.

Ҳодисаи дигаре, ки талафоти ҷонӣ низ доштааст дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба вуқӯъ пайвастааст. Тибқи гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда як сокини 17-солаи  ҷамоати Маҷуни ноҳияи Деваштич, ки ба чаронидани чорвои худаш машғул будааст, ҳангоми гузаштан аз сойи Бешкалсой ба сел афтида, ҳалок шудааст. Мувофиқи маълумоти ин манбаъ, ин ҳодиса бегоҳии рӯзи 6-уми май рух додааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here