Гурӯҳи «Квестория ТJ» бо ҳамроҳии рӯзноманигор Наргис Қосимова дар тарабхонаи «Панорама» чорабинии навбатии шавқовареро бо номи «Рӯзи Модар» («Мамин день«) доир намуданд.
Ин барнома барои кӯдакони 4-10-сола тарҳрезӣ шуда, хеле хотирмон гузашт. Кӯдакон рақсу бозӣ карданд, барои модаронашон суханҳои беҳтаринро бо забони худ иброз доштанд. Ҳамчунин расмкашӣ, караоке ва омода кардани ширинӣ аз ҷониби тифлакон хели диданӣ ва ҷолиб буд.
Дар акс иштирокчии ин чорабинӣ Оламафрӯзи Хуршед