Волидони бераҳм ва шояд мушкилдор бо маслиҳати пешакӣ тифли навзодро ба савдо заданд, аммо аз ҷониби мақомоти дахлдор ба даст афтоданд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки зани 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, 11-уми майи соли 2018 ,дар таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе кӯдаки ҷинсаш духтар таваллуд кардааст. Ин зан рӯзи 14-уми августи соли равон бо маслиҳати пешакӣ бо шавҳараш марди 36-сола тифли навзодро ба зани 33-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ба маблағи 3000-сомонӣ фурӯхтааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.