Дар ноҳияи Ёвон дар тули 27 соли Истиқлолияти давлатии кишвар аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад 27 муассисаи таълимӣ ва 200 синфхонаи иловагӣ барои беш аз 6  ҳазор ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудаанд.

Сармутахасиси шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон  Раҳматуло Зубайдулоев гуфт, ки дар  соли 2018 аз ҳисоби падару модарон ва мақомоти маҳал дар назди муасссиаҳои таълимӣ 60 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз он 45 синфхона сохта ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони 15 синфхонаи дигар идома дорад.

 Ба гуфти манбаъ,  бо дасгирии як соҳибкор муасссиаи таълимии №80 барои 640 хонанда дар як баст сохта ба истифода дода шуд.  Ҳоло сохтмони 1 муассиаи дигар дар ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейни ноҳия бо маром идома дорад.

Дар доираи «Барномаи давлатии рушди мусисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» сохтмони 12 муассисаи таълимӣ, бинои шуъбаи моариф, маркази таҳсилоти иловагӣ ва бинои маркази рушди истеъдодҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Бо вуҷуди ин ҳама пешравиҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ёвон  2 ҳазор ҷойи нишаст намерасад.

Раҳмоналӣ Додархуҷаев, «Фараж»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here